ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Маҳмудҷон Муродов, раиси ширкати сохтмонии “Сарманзил”, ба ду нафар навраси маъюб хонаҳо туҳфа кардааст.
Маросими супоридани хонаҳо имрӯз зимни чорабиние, ки аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ташкил шуд, сурат гирифтааст, навиштааст рӯзноманигор Бахтовар Аминзода дар сафҳаи фейсбукияш.
Ба навиштаи ӯ, Муродов ба Тоирова Шукрона ва Хатича Муслимова хонаҳо додааст, ки бо сабаби маъюбӣ наметавонанд озодона роҳ бираванд.
Ёдовар мешавем, ки Маҳмудҷон Муродов қаблан ба ду оилаи дорои имконияти маҳдуд дар кӯчаи Ҳусейнзода ва 3 нафар оилаҳои ятим ва дорои шахсони имконияташон маҳдуд - Раъно Раҳимова, Фотима Убайдова ва Зебуниссо Акрам, дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе хона дода буд.
Ӯ инчунин Хонаи кӯдакони пойтахтро бо харҷи қариб 7 миллион сомонӣ таъмир намуда, инчунин таъмири биноҳои як кӯчаро ба уҳда гирифт.
Ҳамчунин ба 150 нафар ниёзмандон, маъюбон, беморон ва оилаҳои камбизоати маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ ва Шоҳмансур-1-и пойтахт маводи мавриди ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, макарон ва ғайра кумак расонид.