ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Бозори "Корвон" рӯзи 25 июн кор намекунад ва сабаби баста будани дари ин бозор ба ваксигирӣ рафтани соҳибкору фурӯшандаҳо рабт дода мешавад.
Хабаргузории Pressa. tj менависад, ки роҳбарияти бозор рӯзи санитарӣ эълон кард ва ҳамаи соҳибкоронро ба эмгирӣ фиристод.
Гуфта мешавад, тамоми кормандони калонтарин бозори пойтахт бо ваксине, ки ҳафтаи қаблӣ Чин ба Тоҷикистон фиристод, эм карда шуданд.
Манбаъ аз қавли маъмурияти бозор менависад, ки ҳамарӯза пас аз анҷоми кор, гирду атрофи бозор бо маҳлулҳои махсус безарар гардонида мешавад.
Илова бар ин, рӯзона дар даромадгоҳҳо ҳарорати бадани харидорон қабл аз дохилшавӣ санҷида мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар бозори "Корвон" ҳудуди 8 ҳазор нафар кор мекунанд.
Дар Тоҷикистон феълан эмгузаронии аҳолӣ бо ду намуд ваксин, ки яке "CoronaVac" ва дигаре "AstraZeneca" мебошад, ҷараён дорад.