ДУШАНБЕ, 25 июн – Sputnik. Истироҳатгоҳҳои кӯдаконаи "Орзу", "Шарора", "Зимчуруд" ва "Гулхан" дарҳои худро ба рӯи хонандагони мактаб боз намуданд, хабар медиҳад агентии "Ховар".
Ба итттилои манбаъ. басти якуми қабули хонандагон дар ин истироҳатгоҳҳо аз 25 июн оғоз ёфт ва то 6 июл идома мекунад.
Гуфта мешавад, феълан дар истироҳатгоҳҳо 948 нафар, аз ҷумла 750 нафар хонандагон, 118 омӯзгору кормандони техникӣ ва 80 нафар аз тарбиятгирандагони Мактаб - интернати рақами 1 барои ятимону бепарасторон, қарор доранд.
Манбаъ меафзояд, маконҳои истироҳатӣ барои кӯдакон пайваста бо маҳлулҳои зидди вирусӣ безарар гарндонида мешаванд.
Илова бар ин, тозагии ошхона, ҷойи хоби кӯдакон ва дигар иншооти зурурии истироҳатгоҳҳо зери назорати қатъӣ қарор дорад.