ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, як қатор қонунҳои қабулшуда аз ҷониби парлумонро имрӯз имзо кард.
Тибқи иттилои котиботи президент, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зери қонунҳо “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” ва “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” имзо гузошт.
Ҳамзамон, роҳбари давлат, ба қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ” имзо гузоштааст.
Ба иттилои манбаъ, Қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” ва “Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ” қонунҳои мукаммал буда, асосҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии соҳаҳои номбурдаро танзим намуда, барои рушду густариши онҳо заминаҳои мусоид фароҳам месозанд.
Тағйиру иловаҳои ба қонунҳо воридгардида ба такмили сохтори мақомоти дахлдори давлатӣ, пешрафти фаъолияти онҳо ва баланд бардоштани масъулияти кормандони соҳа нигаронда шудааст, таъкид кардааст котиботи президент.
Зикр мегардад, қонунҳои баимзорасида ба ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти давлату ҷамъият, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудааст.