Боздошти зане, ки дар Душанбе гӯшвораҳои тиллои духтаракони хурдсолро кашида мегирифт

Дар даст доштан дар ин ҷиноят зане муттаҳам мешавад, ки пештар барои ғоратгарӣ ба додгоҳ кашида шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Дар Душанбе зане боздошт шуд, ки дар дуздидани гӯшвораҳои тиллои кӯдакони хурдсол гумонбар мешавад, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.
Тавре манбаъ менависад, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 58-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки гӯшвораҳои набераи хурдсолашро кашида гирифтанд.
Боздошти зани 22-сола бо ҷурми дуздӣ дар шаҳри Гулистон
"Моҳи марти соли 2021, тахминан соати 10:00, дар кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт шахсони номаълум бо тариқи ошкоро ва бо истифодаи зӯроварӣ аз гӯшҳои набераи хурдсоли 6-солааш 1 ҷуфт гӯшвораи тиллоиро тасарруф карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд", - гуфтааст вай.
Зарари расонидашуда 1 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
ВКД мегӯяд, зане бо гумони даст доштан дар ин амал дастгир шудааст, ки дар силсилаи гӯшворадуздӣ аз гӯши кӯдакони хурдсол муттаҳам мешавад.
"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 38-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд", - афзудааст ВКД Тоҷикистон.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки номбурда моҳи августи соли 2020, тахминан соати 12:00, дар кӯчаи Б.Ғафуров бо тариқи ошкоро ва бо истифодаи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтари хурдсоли 4-солаи сокини ноҳияи Сино, 1 ҷуфт гӯшвори тиллоӣ, ки арзишаш 500 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф карда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Келини 19-сола дар дуздии 250 ҳазор сомонии хусураш муттаҳам мешавад
Ҳамзамон, номбурда 1-уми июни соли 2021, тахминан соати 14:00, дар кӯчаи Ҳисори пойтахт бо тариқи ошкоро ва бо истифодаи зӯроварӣ аз гӯшҳои духтарбачаи 7-солаи сокини ҳамин ноҳия, 1 ҷуфт гӯшвори тиллоиро тасарруф карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 250 сомониро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад.