Тағйироти кадрӣ: барканории Зайнаб Мамадназарзода ва таъйини Хуҷамриев

Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк”, дар раёсати бонки мазкур дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон тағйироти кадрӣ анҷом дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи мудири филиали минтақавии "Амонатбонк" дар ВМКБ Хуҷамриев Ҳувайдо Хуҷамриевичро таъйин кардааст.
Ба иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, раиси вилоят Ёдгор Файзов роҳбари навтаъини “Амонатбонк” дар минтақаро ба ҳузур пазируфта, барои содиқона хизмат намудан ба халқу давлат тавсияҳо додаст.
Манбаъ афзуд, ки Файзов ба фаъолияти ин бонк дар вилоят баҳои баланд дода, ба собиқ роҳбари ин бонк Зайнаб Мамадназарзода барои хизматҳои шоиста дар соҳаи бонкдорӣ изҳори сипос намуда, барояш муваффақият хостааст. Далели барканории Мамадназарзода гуфта нашудааст.
Ҳабси 4 корманди собиқи “Амонатбонк” барои тасарруфи пули шиносномаҳои хориҷӣ
Котиботи ҳукумати ВМКБ мегӯяд, "Амонатбонк" ягона бонк дар вилоят аст, ки дар тамоми гушаю канор нуқтаҳои хизматрасонӣ дорад.
Таваҷҷуҳи ҳукумати ВМКБ ба рушди низоми бонкдорӣ дар вилоят дар ҳолест, ки ахиран Бонки Эсхата низ аз тасмим барои ифтитоҳи намояндагии худ дар маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон гуфт.
Қаблан Ёдгор Файзов дар мулоқот бо намояндагони бонки мазкур дастрасии аҳолӣ ба қарзҳои дарозмуддату кӯтоҳмуддат ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифатро ба миён гузошта буд.