ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷапаров бо аввалин сафари расмии худ ба Тоҷикистон меояд, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Санаи ташрифи президенти Қирғизистон 28-29 июни соли 2021 пешбинӣ шудааст. Дар ҷараёни сафар кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд, ҳанӯз эълон нашудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аллакай сабти номи расонаҳоро барои инъикоси сафари расмии дарпешистода эълон кардааст.
Ёдовар мешавем, ки сафари ба нақша гирифтаи Президенти Қирғизистон ба Душанбе ҳанӯз моҳи апрели соли 2021 маълум, аммо санаи дақиқи он эълон нашуда буд.
Қаблан пас аз муноқишаи марзӣ 30 апрел зимни гуфтугӯи телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборовро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват карда буд.
Гуфта мешуд, даъват бо камоли майл аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон пазируфта шуда, муҳлатҳои мушаххаси сафар бо роҳҳои дипломатӣ муайян карда мешаванд.