Расо 80 сол пеш таърихи "Россия сегодня" як гурӯҳи пешбари расонаҳои байналмилалӣ оғоз ёфт.
Он замон 24 июли соли 1941 Совинформбюрои афсонавӣ пайдо шуд, сокинон беқаророна тозатарин хабарҳоро интизор мешуданд.
Солҳо сипарӣ шуданд, номҳо иваз шуданд: Агентии "РИА Новости", "Россия сегодня", аммо сатҳи баланди маҳорати журналистӣ ва муносибати масъулиятнок ба кор бетағйир монд.
"Россия сегодня" дар 200 шаҳр фаъолият мекунад, бо 32 забон ҳарф мезанад ва муҳимтарин рӯйдодҳои Русия ва ҷаҳонро шабонарӯз инъикос мекунад. Кормандони ширкат куллан аз ҳамдигар фарқ мекунанд, вале як чиз онҳоро муттаҳид мекунад, ки ин касбият, муҳаббат ба кор ва албатта, хабарҳои муҳим мебошад.