Парвозу ҷои хоб ройгон, маош 55 ҳазор: ширкати русӣ дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд - видео

Хоҳишмандон метавонанд худро дар Хадамоти муҳоҷират номнавис кунанд. Намояндагони ширкат коргаронро пас аз мусоҳиба бо онҳо интихоб хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июн – Sputnik. Ширкати сохтмонии “ПИК - Модул”-и Русия, ки ҳудуди 15 сол дар бозори сохтмони кишвар фаъолият мекунад, дар Тоҷикистон барои кор дар соҳаи сохтмон коргар меҷӯяд.
Тавре аз Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, вазорат бо намояндагони ширкат шарту шароити кори муҳоҷирони тоҷикро баррасӣ кардааст.
"Масъулини ширкати сохтмонии мазкур бо масъулини Вазорати меҳнат мулоқот намуда, масъалаҳои фароҳамоварии шароити корӣ, интиқоли қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Русияро баррасӣ намуданд", - тавзеҳ дод котиби матбуоти намояндагӣ Каримҷон Салимзода.
Музаффари Имомдод, як фаъоли иҷтимоии тоҷик низ, аз рафти мулоқоти намоядаи ширкати "ПИК-Модул" бо хоҳишмандони кор дар Фейсбук пахши мустақим намудааст.
Тавре дар навор дида мешавад, намояндаи ширкат мегӯяд, кор дар ҳама фасл дар коргоҳ сурат гирифта, коргарон дар гармо ва ё сармо заҳмат нахоҳанд кашид.
"Маоши миёна то 55 ҳазор, ҷои хобро таъмин мекунанд ва маблағи парвозро низ ширкат пардохт хоҳад кард, соати корӣ -12 соат", - меафзояд вай.
Ба гуфтаи намояндаи ширкат, эҳтимол меравад, дар гирифтани патент низ кӯмак кунанд.
"Сабти номи муҳоҷиронро худи ширкат анҷом медиҳад. Аммо вақте тавассути ин ширкат муҳоҷирон ба Русия парвоз мекунанд, ҳадди ақал бояд 6 моҳ дар он фаъолият намоянд. Сипас метавонанд бо хиҳиши худ ё корро идома диҳанд ва ё раванд", - таъкид кард ӯ.
Маош 65 ҳазор рубл: ширкати русӣ дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд
Хоҳишмандони синнашон то 43-сола метавонанд барои худро номнавис кардан ҳуҷҷатҳояшонро ба Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 121 пешниҳод кунанд. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавон ба шумораи + 992 93 314 44 14 занг зад.
Мӯҳлати сабти ном то 25-уми июни соли равон, яъне фардо гуфта мешавад.
Намояндагони ширкат баъди мусоҳиба бо хоҳишмандон коргаронро интихоб намуда, бо онҳо шартномаи меҳнатӣ баста, ба Маскав барои кор интиқол хоҳанд дод.