Машрубот, сурудхонӣ ва фарёдзанӣ манъ: маҳдудиятҳои нав дар Бозиҳои Токио - 2020

Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио - 2020 барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус як қатор маҳдудиятҳоро рӯи даст гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020, нӯшидани тамоми намуди машрубот қатъиян манъ карда шуд, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, чунин тасмимро Президенти Токио - 2020 Сейко Ҳашимото гирифтааст.
"Пас аз маслиҳати коршиносон, Кумитаи тадорукот дар бораи фурӯш ва нӯшидани машрубот дар ҷойҳо қарор қабул кард, то паҳншавии сироятҳоро ба коронавирус пешгирӣ кунад", - изҳор доштааст Ҳашимото.
Илова бар ин дар назар аст, барои мухлисон як дастур чоп мешавад ва дар он аз мухлисон талаб карда мешавад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва роҳравҳо аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ кунанд.
Ҳамчунин суруд хондану фарёд задан низ манъ карда мешавад.
Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқа танҳо мухлисони бумӣ роҳ дода мешаванд.
Қарор аст, Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23-юми июл то 8-уми август ва Бозиҳои паралимпӣ аз 24-ум то 5-уми сентябр баргузор шавад. Бо сабаби пандемияи COVID-19, Бозиҳо соли 2020 як сол мавқуф гузошта шуд.