Маълум шуд, Ҷабборов пеш аз сафар ба Тоҷикистон бо кӣ мулоқот мекунад

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов пеш аз сафар ба Тоҷикистон аз Ишқобод боздид мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо сафари расмӣ пеш аз боздид аз ТОҷикистон, ба Туркманистон меравад, хабар медиҳад, хадамоти матбуоти кишвардори Қирғизистон.
Қаблан Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки Ҷабборов рӯзҳои 28-29 июн ба Тоҷикистон меояд.
Дастгоҳи президент гуфт, ки қабл аз он, рӯзҳои 27-28 июн, боздид аз Ишқобод сурат мегирад.
Содир Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд
Ҷабборов бо президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов музокироти дуҷониба анҷом хоҳад дод.
Сарони давлатҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ мекунанд.
Баъдан, рӯзҳои 28-29 июн Ҷабборов ба Тоҷикистон рафта, дар он ҷо бо сарвари ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом медиҳад.
Гаҳе зери чатри Эрдуғону гаҳе зери борон: видеои истиқболи Ҷабборов дар Туркия - навор
Манбаъ афзуда, ки ҷонибҳо самтҳои мубрами ҳамкорӣ, аз ҷумла масъалаҳои марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард.