ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Русия дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангӣ баргузор кард.
Котиботи вазорати фарҳанг менависад, рӯзи 24 июн як ҳайати ҳунармандон ибораи аз 54 нафар озими шаҳри Душанбе мегарданд.
Дар рӯзи баъдӣ дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими расмии ифтитоҳи ин рӯзҳо баргузор мешавад.
Интизор меравад, дар ин рӯз ҳунармандони Русия аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намоянд.
Манбаъ меафзояд, субҳи рӯзи 26 июн ҳайати ҳунарии Рӯзҳо ба шаҳрҳои Норак ва дағара сафар мекунанд. Дар ноҳияи Данғара консерти Театри давлатии академии рақсии "Гжел"-и шаҳри Москва доир мегардад. Баъд аз анҷоми барномаи ҳунарӣ бозгашти меҳмонон ба шаҳри Душанбе сурат мегирад.
Зимнан, рӯзи 27 июн ҳайати меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар Боғи "Ирам", маҷмааи "Кохи Наврӯз" дидан мекунанд.
Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июн ба анҷом мерасад ва гусели меҳмонон тибқи хатсайр сурат мегирад.