ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ғайраталӣ Мираҳмадов сармураббии дастаи футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб аз вазифааш истеъфо дод.
Дар ин бора даста дар саҳифаи расмиаш хабар додааст. Гуфта мешавад, ки Мираҳмадов бо хоҳиши худаш аз кор рафтааст.
Бино ба гузориши ФФТ, дастаи футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб бо роҳбарии ин мутахассиси тоҷик мавсими гузашта роҳхати Лигаи олӣ ва Ҷоми КФО-2020-ро ба даст оварда буд.
Инчунин ин тим таҳти сарпарастии Ғайраталӣ Мираҳмадов дар мавсими гузашта барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида буд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб пас аз бозиҳои даври даҳуми Қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар ҷадавали гурӯҳ бо ба даст овардани 12 имтиёз дар мақоми чорум қарор дорад.