ДУШАНБЕ, 23 июн - Sputnik. Идораи мустақили мақомоти маҳаллӣ ахиран эълом кард, ки бар асоси пешниҳоди ин идора ва фармони раисҷумҳур, Аҳмад Башир Самим ба унвони волии вилояти Бадахшон пешбарӣ шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба расонаҳои маҳаллӣ.
Аҳмад Башир Самим қаблан ба ҳайси сенатор, узви Шӯрои вилояти Бадахшон ва раиси Шӯрои вилояти Бадахшон кор кардааст.
Муҳаммад Зикриё Савдо, волии собиқи Бадахшон, дар пайи эътирозҳои оммавӣ ба сабаби камбуди об, адами ифтитоҳи бандари барқии Шӯробак ва ноамнӣ дар вилоят барканор шудааст.
Қаблан дар ҷараёни тазоҳуроти сокинони Файзобод, ки ба хушунат кашида шуд, беш аз 40 нафар кушта ва захмӣ гаштанд.
Ҳайати азими маҷлиси намояндагон, ки барои баррасии ин қазия ба Файзобод рафта буданд, хоҳони барканории волӣ ва муаррифии ӯ ба додситон шуда буд.