Тими “Перспулис”-и Эрон меҳмони “Истиқолол” мешавад

Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Душанберо макони баргузории бозии марҳилаи 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дар минтақаи Ғарб байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Перспулис”-и Эрон тасдиқ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии мазкур санаи 14 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор хоҳад гашт.
Таъкид шудааст, ки вақти оғози он баъдтар тасдиқ карда мешавад.
Зикр шудааст, ки бозии дигари даври 1/8-ниҳоӣ байни дастаҳои “Шарҷа”-и АМА ва “Ал-Ваҳда”-и АМА дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад.
Ҳусайн Доган аз "Истиқлол" рафт: сабаб
Ҳамзамон бо қарори Конфедератсияи футболи Осиё, ду бозии дигари марҳилаи 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021 дар минтақаи Ғарб байни дастаҳои “Истиқлоли”-и Эрон – “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ ва “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ – “Трактор”-и Эрон бояд дар майдонҳои бетараф гузаронида шаванд.
Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2021, қаҳрамони Тоҷикистон — “Истиқлол”-и Душанбе бо гирифтани 10 хол дар гурӯҳи “А” ҷойи аввалро ишғол кард.