Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи низомиву сиёсии Афғонистон

Котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай аз вазъи имрӯзаи низомиву сиёсии Афғонистон ва тамоюлҳои шиддит гирифтани он изҳори нигаронӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайатҳо — иштирокчиёни вохӯрии 16-уми котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СҲШ мулоқот кард.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти мазкур Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Тоҷикистон ба нишасти имрӯзаи сарони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви СҲШ аҳамияти калон медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар муборизаи дастҷамъона бар зидди шиддати таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизм, сепаратизм, радикализми динӣ, хатарҳои афзоиши ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, баррасӣ шуд.
"Дӯстонро дар рӯзи сахт мешиносанд": мақолаи Раҳмон дар бораи ҳамсояҳо, марз, СҲШ ва оянда
Дафтари матбуоти раисҷумҳур таъкид доштааст, ки сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ метавонад дар таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими робитаҳои кишварҳои аъзо дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, нақши муҳим дошта бошад.
Дар мулоқот ҳамчунин ҳамкории кишварҳои аъзо дар самти таъмини амнияти боэътимоди иттилоотӣ, муборизаи муштарак бар зидди ҷиноятҳои киберӣ ва вобаста ба вазъи пандемияи короновирус масъалаҳои амнияти биологӣ ва озуқаворӣ баррасӣ карда шуд.
Ҳамчунин, вазъи имрӯзаи низомиву сиёсии Афғонистон ва тамоюлҳои ташвишовари шиддит гирифтани он мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷонибҳо қарор дошт.
КДАМ дар бораи ҳамлаи "Толибон" ва фирори беш аз 100 низомии афғон ба Тоҷикистон
Бояд қайд кард, ки дар мулоқоти мазкур мушовири сарвазири Ҳиндустон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Довал Аджит, ёвари Президент – Котиби шӯрои амнияти Қазоқистон Асет Исекешев, Котиби шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Иманкулов, мушовири сарвазири Эрон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Юсуф Моид ширкат доштанд.
Ҳамчунин, Котиби шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев, Котиби шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Махмудзода, Муовини котиби шӯрои амнияти Ӯзбекистон Бобур Усманов ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумахон Ғиёсов низ аз ширкаткунандагони ин нишаст буданд.