ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон, имрӯз дар Конфронси байналмилалии амнияти Маскав гуфт, ки Русия ва Чин метавонанд дар таъмини сулҳ дар Афғонистон нақши назаррас дошта бошанд, иттилоъ додаасст Sputnik Афғонистон.
"Замони он расидааст, ки минтақа ва қудратҳои бузург дар таъмини сулҳи Афғонистон нақши фаъолтар дошта бошанд. Мо боварӣ дорем, ки Русия, Чин ва Покистон метавонад дар сулҳи Афғонистон саҳми назаррас гузоранд. Умедворем, ки Эрон, Ҳиндустон ва Туркия дар оянда низ ба ин масъала ҳамроҳ хоҳанд шуд”
Ҳомид Карзай ба Русия барои оғози музокироти сулҳ дар Афғонистон ташаккур гуфт ва қайд кард, ки музокироти Русия ва Афғонистон дар бораи сулҳ аз соли 2018 идома дорад.
Ба гуфтаи оқои Карзай, Афғонистон мехоҳад зомини субот дар минтақа бошанд, ба кишварҳои дигар вобаста набошад ва бо тамоми ҷомеаи байналмилалӣ муносибатҳои хуб дошта бошад.
Конфронси нӯҳуми байналмилалии амният дар Маскав рӯзи чаҳоршанбе бо садҳо мақомдорони низомӣ ва сиёсӣ оғоз ёфт.
Мақомоти Русия мегӯянд, ки конфронс муҳимтарин майдон барои баррасии масъалаҳои субот ва амният дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Афғонистон, Сурия, Фаластин ва Қафқози Ҷанубист.
Соли гузашта ба далели хуруҷи коронавирус конфронс лағв гардида, ва ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд.