Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Кори фурудгоҳи Душанбе бо авҷи дигарбораи коронавирус чӣ гуна сурат мегирад

Мусофирон ва ҳамроҳонашон бояд ҳатман қоидаҳои санитарӣ – эпидемиологиро риоя намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон дигарбора маризии коронавирус доман зад. Дар робита ба авҷи ин беморӣ фурудгоҳи Душанбе аз реҷаи фаъолияти худ хабар дод.
Ба иттилои манобеи “Авесто”, Фурудгоҳи Душанбе новобаста аз паҳншавии вируси COVID - 19 бидуни ягон тағйироти ҷиддӣ фаъолият мекунанд.
“Дар ҷадвали парвозҳо дар ҳама самтҳо, аз ҷумла самти Русия тағйирот ворид нашудааст. Фурудгоҳ мӯътадил кор мекунад”, - менависад манбаъ.
Манбаъ аз қавли намояндаи фурудгоҳ меафзояд, ки мусофирон ва шахсони ҳамроҳикунандаи онҳо бояд қоидаҳои санитарию эпидемияро, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии COVID-19 муқаррар кардааст, риоя кунанд.
Ёдовар мешавем, ки то рӯзи 22 июн дар Тоҷикистон 32 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардид.
То 20 - уми июн мақомоти тандурустӣ ҷой доштани ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирусро дар ҷумҳурӣ рад мекарданд.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Эълони теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ дар пойгоҳи расмие, ки дар бораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар он хабар дода мешавад, изҳор доштааст, ки ягон ҳолати марг ба қайд гирифта нашудааст.
Ситоди ҷумҳуриявӣ рӯзи 21 июн, расман аз ошкор шудани мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” ё COVID-19 хабар дода, аз шаҳрвандон кишвар хост, ки дигарбора риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.
Дар мавриди чорабиниҳои оммавӣ ва намозҳои ҷомеъ мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ ин маъракаҳо маҳдуд нахоҳанд шуд.