Тасмими истеҳсоли ваксинаи “Спутник V” дар Ӯзбекистон

Русия ва Ӯзбекистон истеҳсоли ваксина бар зидди коронавирус “Спутник V” -ро дар корхонаи "Ҷӯрабек Лабораторис" дар шаҳри Тошканд баррасӣ доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Интизор меравад, ваксинаи сохти Русия “Спутник V” дар Ӯзбекистон дар як корхонаи махсуси маҳаллӣ истеҳсол шавад.
Бино бар иттилои Ҳукумати Русия, ин масъала аз ҷониби Русия ва Ӯзбакистон дар арафаи ҷаласаи комиссияи муштарак дар сатҳи сарони ҳукуматҳои ду кишвар баррасӣ мешавад.
Мулоқоти сарвазири Русия Михаил Мишустин ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов рӯзи 22 июн дар назар аст.
Ӯзбекистон қисми саввуми "Спутник V" - ро дастрас кард: ба Тоҷикистон кай мерасад
Эҳтимол, истеҳсоли “Спутник V”- ро дар Ӯзбекистон корхонаи "Ҷӯрабек Лабораторис" - и Тошканд ба ӯҳда гирад.
Бояд қайд кард, ки ҳоло Вазорати тандурустии Русия, Роспотребнадзор ва Фонди сармоягузории мустақими Русия бо Ӯзбекистон оид ба пешгирии паҳншавӣ, ташхис ва табобати коронавирус ҳамкорӣ доранд.
Ҳамин тавр, 1 апрели соли равон байни Фонди сармоягузории мустақими Русия ва Хадамоти беҳдошти санитарию эпидемиологӣ ва саломатии аҳолии Ӯзбекистон дар бораи ба ҷумҳурӣ интиқол додани 500 ҳазор вояи “Спутник V” созишнома ба имзо расид.
Тошканд аввалин бастаи ваксинаҳоро дар ҳаҷми сад ҳазор воя санаи 23 ва 27 апрели 2021 қабул кард ва рӯзҳои 1 ва 10 июн ба кишвар боз 140 ҳазор вояи компонентҳои якум ва дуюм ворид карда шуд.