ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Мирзошариф Ҳоҷизода, раиси Суди ноҳияи Зафаробод дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Абдуҳамидов як моҳи пеш дастгир шуда ва алҳол баррасии парвандааш дар суд идома дорад.
“Бозбинии парванда нисбати Суҳроб Абдуҳамидов дар суди ноҳияи Зафаробод шурӯъ шудааст”,- гуфт Хоҷизода.
Прокуратураи вилояти Суғд дар моҳи феврали имсол дар шарҳи парванда нисбати Абдуҳамидов гуфта буд, ки ин сокини шаҳри Истаравшан бо ваъдаи интиқол додани 80 ҳазор доллари амрикоӣ ба кишвари Чин аз як сокини 34-солаи ҷамоати Савристони ин шаҳр 920 ҳазор сомонӣ гирифта ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.
Сафар Давлат Давронзод, сардори шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳим дар прокуратураи вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотӣ дар моҳи феврал гуфта буд, ки Абдуҳамидов бо ҷурми қаллобӣ ҷавобгар дониста мешавад.
“Нисбати Суҳроб Абдуҳамидов бо моддаи 247 парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, айни замон тафтишоти пешакӣ нисбати ӯ идома дорад”, - тавзеҳ дода буд Сафаров.
Дар замони оғози парванда мақомот гуфта буданд, ки бо сабаби ба тафтишот ҳозир нашудани Абдуҳамидов, нисбати ӯ кофтукоф эълон шудааст. Ин сокини шаҳри Истаравшан аз соли 2015 ба шуғли саррофӣ машғул шуда, дар поёни соли 2020 дар ҳоле тарки кор карда нопадид шуд, ки сокинон аз шаҳру навоҳии Истаравшан ва Деваштич ба кори ӯ бовар карда маблағашонро амонат дода буданд.
Ҳамчунин онҳое низ буданд, ки ба назди Абдураҳмонов барои бо курси нисбатан баландтар иваз намудани рубли русии фарзандону пайвандонашон аз муҳоҷират фиристода мерафтанд.
Мирзошариф Хоҷизода мегуяд, суд ҳама паҳлуҳои парванда нисбати Абдураҳимовро баррасӣ намуда, тибқи қонун хулоса мекунад.