Қазоқистон ба Тоҷикистон сабзӣ содир карданист

Қазоқистон нақша дорад ба Тоҷикистон сабзӣ, пиёз, картошка ва карам содир кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Вазири савдо ва ҳамгароии Қазоқистон Бахит Султонов дар мулоқот бо сокинони кишвар хабар дод, ки ба наздикӣ ба кишварҳои ҳамсоя сафари корӣ дорад.
Мақсади асосии сафар - бастани созишнома дар бораи савдои дутарафаи маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.
Таъсири бозорҳои Тоҷикистон бошад? нархи бехӣ дар Ӯзбекистон гарон шуд
Султонов афзуд, ки ин созишномаҳои пешакӣ дар робита бо савдои картошка, пиёз, сабзӣ ва карам мебошад.
Созишномаҳои пешакӣ - санадҳое мебошанд, ки пеш аз ҷамъоварии ҳосил баста мешаванд. Ба гуфтаи вазир, ин созишнома боиси поён рафтани нархҳо хоҳад шуд.
Вазири савдо аз миёнаравоне, ки нархҳоро дар мавсим "баланд мебаранд", шикоят кардааст.
Сабзии “эронӣ” ҳам кор надод: нарх ҳамоно 10 сомонӣ аст
"Як қатор тоҷирон низ маро ҳангоми сафарам ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамроҳӣ хоҳанд кард", - афзудааст вай..
Ба феҳрасти кишварҳое, ки Қазоқистон мехоҳад дар савдои маҳсулоти кишоварзӣ созишнома бандад, Русия ва Эрон низ шомиланд.