ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Рӯзи 27 июн дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабиниҳои гуногуни идона ба нақша гирифта шудааст.
Тавре як манбаъ дар маъмурияти шаҳр ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, якшанбеи оянда дар пойтахт, дар қаламрави Наврӯзгоҳ, консерт бо иштироки ситораҳои ватанӣ ва инчунин мусобиқаи байналмилалии гуштингирӣ баргузор мешавад.
Дар он на танҳо паҳлавонони тоҷик, балки варзишгарони Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Эрон, Озарбойҷон ва Қувайт низ ширкат меварзанд.
"Қарор шуд, ки чорабиниҳо шомгоҳон баргузор карда шаванд, зеро ин маконҳо дар фазои кушод қарор доранд ва ҳаво низ гарм аст", - изҳор доштанд аз шаҳрдории Душанбе.
Ҳамин тариқ, мусобиқа соати 17:00 дар варзишгоҳ оғоз ёфта, консерти идона соати 18:00 дар назди шаршара баргузор мешавад. Дохилшавӣ ройгон хоҳад буд.
Ғайр аз он, субҳ ҳама боғҳои шаҳр низ барои сокинон ва меҳмонони пойтахт боз хоҳанд буд ва дар баъзеи онҳо барномаи идонаи фарҳангӣ ташкил карда мешавад.
Сарфи назар аз он, 21 июн Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки ҳолатҳои коронавирус дар ҷумҳурӣ боз ҳам ошкор карда шуданд, мақомоти шаҳр дар бораи манъи баргузории тантанаҳо ҳарфе нагуфтанд.
Ҳамзамон, онҳо хотиррасон мекунанд, ки тибқи дастури Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо COVID-19, шаҳрвандони кишвар бояд тавсияҳоро қатъиян риоя кунанд: ниқобҳоро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ истифода баранд, инчунин масофаи иҷтимоиро риоя кунанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар ситод хабар дода шуд, ки барои коҳиш додани хатари паҳншавии COVID-19, қарор қабул карда шуд, ки назорат аз болои марказҳои савдо ва фарҳангӣ, ҳангоми ҷашну маросимҳо ва маросими дафн пурзӯр карда шавад.