Кумаки башардӯстона: Қазоқистон 10 ҳазор тонна орд ба Тоҷикистон ирсол намуд

Қазоқистон ба Тоҷикистон 10 ҳазор тонна орд ҳамчун кумаки башардӯстона исол кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Кумаки башардӯстона имрӯз ба Душанбе расид, хабар медиҳад сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, шаҳодатномаи борро сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев ба муовини директори Агентии захираҳои давлатии моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тотористон Соҳибҷон Зиёдуллоев супурд.
Сафири Қазоқистон Аскар Тоҷибоев гуфтааст, ки Қазоқистон ҳамасола ба мардуми бародари Тоҷикистон кумаки башардӯстона мерасонад, ки ҳаҷми умумии он аз соли 2006 инҷониб тақрибан 45 миллион долларро ташкил медиҳад.
Кӯмаки низомии Қазокистон барои чист? – шарҳи Вазорати дифоъи Тоҷикистон
Аскар Тоҷибоев гуфт, дар ҷараёни сафари расмии президенти Қазоқистон Қосим ҶомардТоқаев ба Душанбе рӯзҳои 19-20 майи соли 2021 созиш ба даст омад, ки бо мақсади пур кардани захираҳои хӯрокворӣ, ки дар пайи бӯҳрони пандемияи коронавирус ба вуҷуд омаданд, ҷониби Тоҷикистон бо кумаки дигари башардӯстона таъмин карда шавад.
Номбурда гуфт, пас аз сафари роҳбари Қазоқистон, Комиссияи кумаки байналмилалии гуманитарӣ таҳти раёсати муовини сарвазири Қазоқистон Р. Скляр қарор дар бораи расонидани кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистонро дар шакли 10 ҳазор тонна орди гандум ба маблағи умумии 1 миллиарду 285 миллион тенге ё 3 миллиону 669 ҳазор доллари амрикоро кард.
Ёдовар мешавем, Қазоқистон соли гузашта низ дар замони пандемияи коронавирус, ки воҳимаҳо нархи ордро гарон карда буд, ба Тоҷикистон панҷ ҳазор тонна орд кумак карда буд.