ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Ато Муҳаммади Нур, раҳбари ҷамъияти исломӣ, ахиран таъйини Бисмиллоҳ Муҳаммадиро ба унвони раҳбари вазорати дифои миллӣ як интихоби некӯ хонда ва таъкид кард, ки бо ҷаноби Муҳаммадӣ дар вазорати дифоъи миллӣ, миллати Афғонистон дар ҳифзи Ватан пирӯзиҳои назаррас хоҳад дошт.
“Ӯ аз таҷрибаи саршор аз мудирияти ҷанг бархӯрдор аст ва дар набардҳои мухталифи чиҳил сол тасхирнопазир буда, дар муқовимати Панҷшер ҳамеша муваффақ буд”, - гуфт Ато Муҳаммади Нур.
Ба гуфтаи вай, "ҷасорат, хушмуомилагӣ, таҷриба ва ташкили хуби нерӯҳо нуқтаҳои барҷаста мебошанд, ки метавонанд барои бародари азизам Муҳаммадӣ дар рисолати нав замина кушоянд”.
Роҳбари ҷамъияти исломӣ изҳор дошт, ки "ҳамонгуна, ки моҷоҳидин ба унвони нерӯҳои бузург ва мудофеони аслии ин кишвар ҳамеша дар душвортарин лаҳзаҳо аз обу хоки мо дифоъ мекарданд, ин бор низ таъйини оқои Муҳаммадӣ ба роҳбарии вазорати дифоъ, як бори дигар шоҳиди пирӯзиҳои чашмгир дар дифоъ аз Ватан хоҳем буд".
Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ қарор буд роҳбари Вазорати корҳои дохилӣ таъйин шавад, аммо дар лаҳзаҳои охир вай сардори Вазорати мудофиаи миллӣ таъйин шуд.
Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ дар ҳоле вазири дифоъ таъйин шуд, ки ҷанги шадид дар нуқоти мухталифи Афғонистон ҷараён дорад ва вулусволиҳои зиёде низ суқут кардаанд.