ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бархӯрди худрав боиси ҳалокати як ноболиғ ва ҷароҳатдор шудани дуи дигар гардид.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба гузориши ин ниҳод, ҳодисаи нохуш рӯзи 21-уми июн, тахминан соати 03:40-дақиқа рух додааст.
Гуфта мешавад, ронандаи 22-солаи "Опел-Астра", Д.Д.Н, ки сокини ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷ.Балхӣ будааст, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Лоҳутӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Ронанда аз роҳ баромада ба дарахти бед бархӯрдааст.
"Дар натиҷа мусофир, ноболиғи 17 -солаи ҷамоати деҳоти Фрунзе дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дигар, ноболиғони 17 -сола ва 12-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.