Футбол: ғолибони бозиҳои даври даҳуми Чемпионати Тоҷикистон муайян шуданд

Ғолибони бозиҳои даври даҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ муайян шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Бо баргузор шудани бозиҳои даври даҳум марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ оғоз ёфт.
Дастаи нави лигаи олӣ "Эсхата"-и шаҳри Хуҷанд дар ин давр бар дастаи "Душанбе"-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғалаба карда, ба ҷои аввали ҷадвали чемпионат баромад, гузориш медиҳад "Ховар".
Дар дақиқаи 21-и бозии "Эсхата" ва "Душанбе" Даниел Тэгу аз дастаи "Душанбе" ҳисобро боз кард. Вале ҳамдастааш Фарҳод Қосимов ба дарвозаи дастаи худашон гол зада, ҳисобро баробар намуд.
Рутами Эмомалӣ Президенти Ассотсиятсияи футболи Қатарро ба ҳузур пазируфт
Баъд аз ин футболбозони пойтахт ба худ наомаданд ва мизбонон ду голи дигар заданд. Ин корро Боҳирҷон Сангинбоев дар дақиқаи 48 ва Парвиз Алиев дар дақиқаи 94 ба самар расонданд.
Дар бозии дигар бошад, дастаи футболи "Хатлон"-и шаҳри Бохтар бар дастаи "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои дастаи футболи "Хатлон"-и шаҳри Бохтарро Сунатулло Исмоилов, Нуриддин Ҳамроқулов, голи дастаи "Файзканд"-и ноҳияи Восеъро Маҳмадалӣ Содиқов ба номашон сабт карданд.
Дар бозии марказии давр дастаи футболи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе дастаи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуд.
Панҷ голи ин вохӯрии ҷолибро бозингарони дастаи "Истиқлол" заданд – 4 тӯб ба дарвозаи ҳариф тавассути зарбаҳои нишонраси Рустам Соиров, Муҳаммадҷон Раҳимов, Манучеҳр Ҷалилов, Рёта Нома, як тӯб ба дарвозаи худ – Алексей Ларин.
Дар ду бозии дигар дастаҳои футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб бар "Куктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ, "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан бар КМВА-шаҳри Душанбе бо ҳисоби якхелаи 2:1 ғалаба карданд.
Футболбозони тоҷик бар варзишгарони қирғиз пирӯз шуданд
Ҳамин тариқ, бо натиҷагирӣ аз 10 даври бозиҳо дастаи футболи "Эсхата"-и шаҳри Хуҷанд бо 17 хол ба ҷои аввали ҷадвали чемпионат баромад.
Дастаи футболи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд бо як холи камтар дар ҷои дуюм, дастаи футболи "Хатлон"-и шаҳри Бохтар бошад, бо 15 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 26-27 июни соли равон бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мешаванд.
Тошев рафтанашро аз мақоми сармураббии мунтахаби Тоҷикистон шарҳ дод
Рӯзи аввал дастаҳои КМВА-и шаҳри Душанбе бо "Куктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ, "Хатлон"-и шаҳри Бохтар бо "Истаравшан"- и шаҳри Истаравшан, дар рӯзи дуюм дастаи футболи "Душанбе"-и шаҳри Душанбе бо "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ, "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд бо "Эсхата"и шаҳри Хуҷанд ва "Равшан"- и шаҳри Кӯлоб бо "Истиқлол"- и шаҳри Душанбе байни ҳам рақобат мекунанд.