Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Эълони теъдоди гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон

Мақомоти тандурустии Тоҷикистон теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷумҳуриро эълон карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 22 июн хабар дод, ки теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 32 нафар расидааст. То 20 - уми июн мақомоти тандурустӣ ҷой доштани ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирусро дар ҷумҳурӣ рад мекарданд.
Вазорати тандурустӣ дар пойгоҳи расмие, ки дар бораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар он хабар дода мешавад, изҳор доштааст, ки ягон ҳолати марг ба қайд гирифта нашудааст.
Навори лаҳзаи эълони бурузи дубораи коронавирус дар Тоҷикистон: сабабашро гуфтанд
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, 21 июн 17 ҳолат ва 22 июн 15 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии сирояти навъи коронавируси Тоҷикистон рӯзи 21 июн, расман аз ошкор шудани мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” ё COVID-19 хабар дода, аз шаҳрвандон кишвар хост, ки дигарбора риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.
Дар мавриди чорабиниҳои оммавӣ ва намозҳои ҷомеъ мақомоти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ ин маъракаҳо маҳдуд нахоҳанд шуд.