ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ созишнома дар бораи расонидани кумаки грантӣ ба кишварро барои рушди соҳаи кишоварзӣ ба имзо расониданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Ҳуҷҷатро аллакай вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ Ян-Питер Олтерс имзо карданд.
Созишномаи маблағгузории лоиҳаи такмил додани устувории бахши кишоварзӣ ба Тоҷикистон кумаки беподошро дар ҳаҷми 58 миллион доллар барои барқарорсозии баъд аз давраи коронавирус пешбинӣ мекунад.
Маблағро Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (узви Гурӯҳи БҶ) медиҳад ва лоиҳаро Вазорати кишоварзии Тоҷикистон барои панҷ сол амалӣ мекунад.
Тавре ки Ян Питер Олтерс қайд кард, пандемияи COVID-19 аҳамият ва зарурати навсозии минбаъдаи бахши кишоварзиро нишон дод.
Ба гуфтаи вай, дастгирӣ пеш аз ҳама барои таъмини даромади мӯътадили деҳқонон ва ҳар як шахсе, ки дар ин самт кор мекунад зарур аст, то ки "ба оилаҳо имконият дода шавад, ки ба маҳсулоти арзон, вале серғизо дастрасии доимӣ дошта бошанд".
Ёдовар мешавем, ки БҶ айни замон дар Тоҷикистон 21 лоиҳаро ба маблағи умумии 1,1 миллиард доллар маблағгузорӣ мекунад, ки он ба мубориза бо коронавирус, барқарорсозии роҳҳо, рушди соҳаи андоз ва ғайра равона шудааст.