ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Аз моҳи январ то нимаи моҳи июни соли равон, кишоварзони ноҳияи Ашт ба Русия ва Қазоқистон 392,5 тонна мева содир кардаанд.
Дар ин бора Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт ба рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Суғд" иттилоъ додааст.
"Аз ин миқдор меваи содиротгашта, 295,8 тонна зардолу, 67,9 тонна гелос, 10 тонна себ, 1,3 тонна шафтолу ва 17,5 тонна олу мебошад", - омадааст дар хабарнома.
Ба иттилои манбаъ ҳамзамон, ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар низ тоҷирон меваҳои тарро интиқол дода истодаанд.
Ҳамакнун содироти зардолуи пешпазаки ноҳия ба итмом расида, ҳоло вақти ба бозор баровардани меваи гелос фаро расидааст.
Гуфта мешавад, ки дар 9 ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия сокинон дар заминҳои наздиҳавлигии худ дарахти гелосро парвариш мекунанд.
Манбаъ афзуда, ки ин намуди мева дар ноҳияи Ашт хеле зиёд буда, содироти гелос то охири моҳи июн идома меёбад.