Соҳибкор барои ятимону бепарасторон дар Хуҷанд кӯдакистон месозад

Барои ятимону бепарасторон дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони муосир бунёд мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори Хуҷанд бо раванди сохтмони кӯдакистон дар маркази маъмурии вилоят шинос шуданд.
Тибқи иттилои котиботи шаҳрдории Хуҷанд, кӯдакистони наву замонавӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Тоҳир Олимӣ бунёд карда мешавад. Манбаъ кӯдакистонро аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ хонд, ки ба муносибати 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
“Муассисаи таълимии томактабии навбунёд, ки барои 200 нафар ятимон ва ашхсои бепарастор пешбинӣ шуда, дар маҳаллаи Бофандаи шаҳр воқеъ аст. Зимни бунёди иншоот тамоми шароити зарурии таълиму тарбия ба назари эътибор гирифта шудааст”, - омадааст дар иттилоия.
Аҳволи кӯдакони муҳоҷирон: дурӣ аз Ватан ва ҷудоӣ аз падару модар
Таъкид шудааст, ки кӯдакистон аз як бинои 2 ошёна иборат буда, дорои 7 синфхона ва як қатор ҳуҷраҳои дигари ёрирасон мебошад. Дар саҳни кӯдакистон 7 адад айвончаҳо низ бунёд шудааст, ки барои гузаронидани машғулиятҳо ва бозии кӯдакон шароит муҳайё карда мешавад.
Бунёди кӯдакистони нав дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба камбуди муассисаҳои томактабӣ рӯбарӯ мебошад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш барои ҷалби бештари кӯдакон, бахусус ятиму бепарасторон ба тарбияи томактабӣ дастур дода буд.