ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо ВТФ Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар мусобиқаи байналмилалии “Taekwondo Beirut Open” сазовори медали биринҷӣ шуд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, мусобиқаи мазкур дар идомаи Чемпионати Осиё оид ба таеквондо рӯзҳои 19-21 июн бо иштироки варзишгарони 28 давлати ҷаҳон баргузор шуд.
Ба иттилои Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон, Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни 80 кило дар ду давр бар варзишгарони Нигерия - Итику Петер Осаро, Қазоқистон - Нурлан Мирзобоев дастболо шуд. Манбаъ афзуд, ки варзишкори тоҷик дар нимфинал аз варзишгари Ӯзбекистон Никита Рафалович мағлуб ва ҷои сеюмро сазовор шуд.
Дигар варзишгаронамон - Шоҳрух Баротов дар вазни 58 кило, Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов дар вазни 68 кило, Хуррам Меҳтаршоев - 74 кило, Муниса Ойматова - 49 кило ва Муниса Исматова дар вазни 62 кило дар даврҳои аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.
Ин дар ҳолест, ки Чемпионати Осиё оид ба таеквондо, ки рӯзҳои 16-18 июн дар шаҳри Бейрути Лубнон баргузор гардида буд, аз тими Тоҷикистон танҳо Моҳру Ҳалимова тавонист медали биринҷӣ гирад.