ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Президенти Ассотсиятсияи футболи Қатар Ҳамад бин Халифа бин Аҳмад Ал-Таниро ба ҳузур пазируфтааст. Дар ин бора вебгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, дар натиҷа миёни ФФТ ва Ассотсиятсияи футболи Қатар созишнома имзо гардид.
Он тӯли панҷ сол амал мекунад ва дар созишнома табодули дониш ва таҷриба, барномаҳои мушоҳида ва сафарбаркунӣ, таҳкими иқтидор, лагерҳои омӯзишӣ ва бозиҳои дӯстона пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, дар мулоқот масоили марбут ба соҳаи варзиш, бахусус футбол ва рушди он дар минтақа баррасӣ гардид.
Дар ҷараёни мулоқот Президенти Ассотсиятсияи футболи Қатар Ҳамад бин Халифа бин Аҳмад Ал-Танин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш, хосатан футбол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ибрози назар намуд.
Ӯ зикр кард, ки барои рушду густариши соҳа миёни давлатҳо тадбирҳои мушаххасу амалӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Рустами Эмомалӣ низ зикр кард, ки ҳамкории дуҷонибаи судманд байни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиятсияи футболи Қатар хеле хуб ба роҳ монда шуда, мутахассисони тоҷик дар Қатар таҷрибаи худро оид ба менеҷменти футбол тибқи талаботҳои муосир ташкил намудани мусобиқаҳоро сайқал медиҳанд.