Раисҷумҳури нави Эрон намехоҳад бо Ҷо Байден дидор кунад

Раисҷумҳури Эрон гуфт, ки ҳозир нест бо Ҷо Байден президенти Амрико дидор кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Саид Иброҳими Раисӣ, раисҷумҳурии тозаинтихоби Эрон дар посух ба хабарнигорон, гуфт ҳозир нест бо Ҷо Байден президенти Амрико дидор кунад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”
Вай ҳамчунин дар посух ба суоле дар хусуси ин ки тавофуқи БарҶом ва эҳёи он барои шумо чӣ қадар аҳамият дорад ва чӣ паёме барои Амрико ва Аврупо доред, афзуд: Кишварҳои Амрико ва аврупоиҳо нигоҳ кунанд, ки нисбат ба БарҶом чӣ гуна иқдом карданд, БарҶомро амрикоиҳо нақз карданд ва аврупоиҳо ҳам ба тааҳҳудоташон амал накарданд.
Раисӣ гуфт, ки таъкидам ба Амрико он аст, ки Шумо бар асоси БарҶом муваззаф ба рафъи ҳамаи таҳримҳо будед ва накардед, ба тааҳҳудоти худ баргардед ва онро иҷро кунед ва паёмам ба аврупоиҳо ин аст, ки ҳатман таҳти фишорҳову сиёсатҳои Амрико қарор нагиранд ва ба он чӣ дар БарҶом мутааҳҳид шудед, амал кунед.
Расонаҳои Эрон: Иброҳим Раисӣ дар кишвар "асри нав" -ро оғоз мекунад
Раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон ҳамчунин гуфт, ки мутолибаи миллати Эрон аз Шумо ин аст, ки ба тааҳҳудоти худ баргардед ва аз давлати мардумӣ мехоҳанд, ки риояти ҳуқуқашонро дошта бошем ва мо ин мутолибаи дурусти мардумро дунбол хоҳем кард.
Раисӣ таъкид кардааст, ки сиёсати хориҷии давлати Эрон аз БарҶом шуруъ намешавад ва ба БарҶом ҳам маҳдуд нахоҳад шуд.
Раисҷумҳури Эрон гуфт, Эрон таомулро бо ҳамаи дунё ва бо ҳамаи кишварҳои дунё, ба унвони як фурсати таомулии густардаву мутавозин дар сиёсати хориҷӣ дунбол хоҳем кард, дар музокирот ҳам ҳар музокирае, ки манофеи миллии моро тазмин кунад, ҳатман ин музокира мавриди ҳимоят хоҳад буд.