Раҳмон ба сармоядори сахии тоҷик сабукии андозӣ дод: барои чӣ? - акс

Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори Ҳукумат ба Ҷалил Савриддинов сабукиҳои андозӣ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 июн - Sputnik. Бо қарори Ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи равон имзо кардааст, Савриддинов Ҷалил Зиёевич аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ зимни воридоти бархе аз маҳсулот озод мебошад.
Ҳукумат феҳрасти молу атраксионҳоеро тасдиқ кардааст, ки Ҷалил Савриддинов бидуни пардохти боҷу андоз ворид мекунад. Таъкид шудааст, ки молу таҷҳизоти мазкур барои сохтмони меҳмонхона ва маҷмааи хадамоти сайёҳӣ дар шаҳри Исфара пешбинӣ шудаанд.
Хадамоти гумрук муваззаф шудааст, ки анҷоми саривақтии расмиёт ва истифодаи мақсадноки молҳои тариқи имтиёз воридшударо назорат барад.
Як ҳафтаи дигар ва босифат: шарҳи таъхири хонасупорӣ ба сокинони Исфара
Савриддиновҳо Абдуҷалил ва Сорбон, падару писар бо корҳои хайрашон дар Ворух шинохта мебошанд. Сорбон муассис ва роҳбари ширкати “Бестфуд” мебошад, ки самти асосии фаъолияти он тиҷорати меваю сабзавот буда, инчунин барои чанд намуди фаъолияти дигар низ иҷозатнома дорад.
Дар ин ширкат даҳҳо нафар дар шаҳри Маскав кор мекунанд ва бар асоси иттилои пойгоҳҳои тиҷоратии Русия даромади солонаи ширкат марзи миллиард рублро убур кардааст.
Сорбон Савриддинов, ахиран барои зарардидагон дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон аз ҳисоби худаш ҳудуди ним миллион сомонӣ ҷудо карда буд. Аз ҷумла Савриддинов ба хонаводаи ҳар тоҷикистонии қурбонишуда дар марз 15 ҳазор сомонӣ ва ба даҳҳо маҷруҳ аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ додааст.
Инчунин зимни сафари моҳи апрелаш ба ҷамоати Ворух, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Маркази фарҳангӣ — фароғатӣ ва варзишии “Ширин” – ро ифтитоҳ намуд, ки Савриддиновҳо бунёд кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва Абдуҷалил, падари Сорбон Савриддинов ҳангоми ифтитоҳи Маркази фарҳангӣ — фароғатӣ ва варзишии “Ширин” дар Ворух
Котиботи раисиҷумҳур иттилоъ дода буд, ки аз ҷониби соҳибкор Сорбон Савриддинов дар баробари бунёди Марказ, инчунин қариб як километр роҳи маҳалла сангфарш карда шуда, як пули мошингузар бо дарозии 6 ва паҳноии 5 метр ба истифода дода шудааст.
Қаблан низ дар замони пандемияи коронавирус Савриддиновҳо барои ниёзмандон ғизо таъмин намуда, Сорбон, ки роҳбари Ассотсиатсияи соҳибкорони бурунмарзии Исфара мебошад, барои бунёди мактаб дар Ворух аз ҳисоби соҳибкорон изҳори омодагӣ карда буд.