Табибони ҷавони рус ба артиши Тоҷикистон сафарбар мешаванд

Саломатии низомиёни тоҷикро мутахассисони баландихтисоси Русия таҳти назорат мегиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июн – Sputnik. Академияи ҳарбии тиббии ба номи С.Киров дар Санкт-Петербургро 60 ординант ва 45 табиби ҷавон бо ихтисоси тибби умумӣ хатм карданд, ки ба артиши кишварҳои хориҷӣ фиристода мешаванд.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Ҳамин тавр, кормандони тиббӣ аз Русия ба артиши Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Афғонистон, Ветнам ва қувваҳои мусаллаҳи дигар давлатҳо фиристода мешгаванд.

"Дар маҷмӯъ, Академияи ҳарбии тиббиро дар соли 2021 - 1300 табиб хатм кард, ки ин бештарин теъдод аз соли 2013 то инҷониб аст", - хабар дод Вазорати дифои Русия.

Ҳамин тавр, аз ин шумор 403 нафар бо итисоси "тибби умумӣ", "тибби профилактикӣ" ва "фарматсия" академияро хатм карданд. Ғайр аз он, 18 магистр, 139 ординатор, 56 нафар ҳамшираҳои шафқат, 220 нафар донишҷӯёни факултаи мутахассисони тибби шаҳрвандӣ таҳсилашонро ба итмом расониданд.
Русия ба Тоҷикистон дар навсозии артиш кумак хоҳад кард
Дар маросим хатм, муовини вазири мудофиаи Федератсияи Русия Тимур Иванов, сардори Сарраёсати ҳарбии тиббии Вазорати мудофиаи кишвар Дмитрий Тришкин, инчунин сардори Академия, генерал-майор Евгений Крюков ширкат карданд.
Хатмкунандагон савганд ёд карданд ва акнун онҳо ба хидмат дар сафҳои нерӯҳои Қувваҳои Мусаллаҳи РФ равона мешаванд.
Бояд гуфт, маросим бо риояи чораҳои бехатарии эпидемиологӣ баргузор гардид. Қариб ҳамаи хатмкунандагон алайҳи коронавирус эм карда шудаанд.