ДУШАНБЕ, 20 июн – Sputnik. Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дар бораи навъҳои нави коронавирус, ки дар пойтахти Русия паҳн шудааст, гуфт.
Собянин гуфт, ки дар байни беморон ҳолатҳои бемории такрорӣ, аз ҷумла пас аз эмкунӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Шаҳрдори Маскав афзуд, ки низоми тандурустӣ бо мутатсияи нави штамми "ҳиндӣ" мубориза мебарад.
"Ин штамм, вазнинтар аст. Яъне зудтар сироят мекунад, ба бадан зудтар ворид мешавад. Сатҳи масуният барои аз штамми ҳиндӣ муҳофизат кардан, дар қиёс бо штамми чинӣ бояд ба маротиб баландтар бошад", - гуфт шаҳрдорӣ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия-1".
Собянин сокинони пойтахтро барои эмгузаронӣ даъват кард.
Вай ҳамчунин даъват кард, ки бинобар ҳолатҳои бемории такрорӣ дар байни эмшудаҳо, дубора эм кардани онҳое, ки муддати тӯлонӣ ин амалро анҷом додаанд ва шумораи антителаҳояшон коҳиш ёфтааст, лозим аст.