Тими миллии Русия пеш аз бозӣ бо тими Дания дар марҳилаи гурӯҳии Евро-2020 дар Новогорск фаъолона тамрин мекунад.
Вохӯрӣ рӯзи 21 июн дар Копенгаген баргузор мешавад. Футболбозон стратегияи бозӣ бо рақибро бо мураббӣ Станислав Черчесов муҳокима мекунанд ва заифии тими миллии Данияро муайян мекунанд.
"Ҳамааш аз мо вобаста аст. Мо бояд Данияро шикаст диҳем. Албатта, ҳама ба он бовар мекунанд ва мо ба он бовар дорем. Ва мо кор карда истодаем. Мо мекӯшем, ки ноумед нашавем", - гуфт футболбози тими миллӣ Александр Соболев.
Вай гуфт, даста пас аз пирӯзии ахир бар Финландия дар ҳолати хуб қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки русҳо бар рақиб бо ҳисоби 1: 0 пирӯз шуданд. Ин аввалин пирӯзии дастаи мунтахаби Русия дар мусобиқоти ниҳоии чемпионати Аврупо аз соли 2012 ба ин сӯ аст.