Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Коршиносон: агар муҳоҷирон эм карда нашаванд, нархҳо гарон мешаванд

Агар масъалаи эмгузаронии муҳоҷирон, ки дар соҳаи хидматрасонӣ ва сохтмон кор мекунанд, ҳал нашавад, нархҳо гарон хоҳанд шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июн - Sputnik. Як қатор коршиносони Русия таҳлил карданд, ки агар муҳоҷирони меҳнатӣ алайҳи коронавирус эм карда нашаванд, нархи хизматрасониҳо ва манзил чӣ гуна мешавад.
Масъалаи эмгузаронии хориҷиёнро нашрияи "Невские Новости" таҳлил кардааст. Журналистон барои фаҳмидани вазъи бозори меҳнат бо мутахассисони соҳаҳои гуногун мусоҳиба карданд.
Бояд дарк кард, ки бидуни эмкунӣ, муҳоҷирон дар соҳаи хидматрасонӣ аз кор хориҷ карда мешаванд ва аз ин рӯ, ширкатҳо бояд дар ҷустуҷӯи кадрҳои нав шаванд.
Муҳоҷиронро дар Маскав эм мекунанд
Президенти Иттифоқи соҳибкорони Санкт-Петербург, шаҳрванди фахрии ноҳияи Кировский Роман Пастухов дар мусоҳиба бо нашрия ба аҳамияти ваксина диққат дод.
"Эмгузаронӣ барои муҳоҷирон муқаррарӣ ва дуруст аст. Ин хеле зарур ва пеш аз ҳама корҳои фаҳмондадиҳӣ лозим аст", - шарҳ дод ӯ.
Наталя Ефремова, роҳбари Агентии кадрҳои HR Market илова кард, ки дар вазифаҳое, ки муҳоҷирон кор мекунанд, довталабон аз Русия тақрибан музди ду маротиба баландтарро талаб мекунанд.
"Нарх дар соҳаҳои мухталиф гуногун аст. Дар хӯроки умумӣ, масалан, барои муҳоҷирон дар як соат тақрибан 100 рубл аст ва ин кам аст. Интизории сокинон дар як соат тақрибан 180 рубл аст", - мисол овард коршинос.
Ваксинзанӣ хатарзо аст? Посухи табиби тоҷик
Аммо мудири лабораторияи тадқиқоти муқоисавии системаҳои иҷтимоию иқтисодии факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов Андрей Колганов дар сурати эм нашудани муҳоҷирон, пешгӯии ноумедкунанда кард.
Иқтисодшинос қайд кард, ки бо кам шудани мутахассисон, коҳишёбии истеҳсолот ва аз ин рӯ, болоравии нархҳоро интизор бояд шуд.
"Музди меҳнат 100% дар хароҷоти истеҳсолӣ вобаста нест, ин камтар аз нисф аст. Дар бадтарин ҳолат, нархҳо 20-30% боло хоҳанд рафт. Аммо сатҳи нархҳоро на танҳо маоши кормандон, муайян мекунанд. Агар харидорон маблағи кофӣ надошта бошанд, онҳо намехаранд. Ҳамаи ин метавонад боиси коҳиш ёфтани истеҳсолот гардад", - шарҳ дод Колганов.
То миёнаҳои моҳи июл: Русия мехоҳад муҳоҷиронро бо қатора биёрад
Коршинос хулосае кард, ки иқтисоди Русия барои даст аз кашидан аз муҳоҷирон омода нест, бояд маҷмӯи пурраи тадбирҳо барои ҷалби захираҳои меҳнатии маҳаллӣ таҳия карда шавад.