ДУШАНБЕ, 20 июн - Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Иброҳим Раисиро бо интихоб шуданаш ба маснади президенти Эрон табрик гуфт, хабар медиҳад котиботи кишвардори Ӯзбекистон.
Роҳбари Ӯзбекистон ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба ба манфиати халқҳои ҳарду кишвар изҳори боварӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки интихобот дар Эрон рӯзи ҷумъа баргузор шуд - чаҳор номзад барои президентӣ рақобат карданд.
Ҳамин тариқ, мубориза барои мансаби раҳбари кишвар байни сиёсатмадори муҳофизакор ва раиси додгоҳи олии Эрон Иброҳим Раисӣ, Моҳсен Ризай, Котиби Шӯрои мувофиқати қарорҳои қабулшуда, муовини раиси парлумон Ҳусейн Ғазизода Ҳошимӣ ва ислоҳотхоҳу собиқ роҳбари Бонки марказӣ Абулносир Ҳимматӣ.
Президенти кунунӣ Ҳасани Рӯҳонӣ дар интихобот ширкат накард, зеро мӯҳлати дуввуми худро дар ин мақом ба анҷом расонид.
Ба гуфти коршиносон, Раисӣ, ки аз ҷониби раҳбари олии Эрон Алии Хоманаӣ дастгирӣ мешавад.