ДУШАНБЕ, 20 июн - Sputnik. Мутахассиси оид ба кам кардани вазн Павел Исанбоев дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфт, ки нғшидани қаҳва бо кадом маҳсулот мувофиқ нест ва ин ба чӣ оқибатҳо дошта метавонад.
Коршинос тавзеҳ дод, ки қаҳва антиинутриентҳо дорад - моддаҳое, ки ба азхудкунии витаминҳо халал мерасонанд.
Коршинос маслиҳат дод, ки қаҳваро миёни истеъмоли хӯроки асосӣ нӯшанд.
Исанбоев афзуд, ки қаҳва аксар вақт бо шириниҳо нӯшида мешавад, аммо ин нодуруст аст.
"Вақте сухан дар бораи қаҳва бо ширинӣ меравад, сатҳи глюкоза аз ҳад зиёд баланд мешавад ва сипас якбора паст мешавад. Дар ин ҳол метавонад, гипогликемия рух диҳад", - гуфт коршинос.
Павел Исанбоев афзуд, ки ҷаҳиши глюкоза дар бадан метавонад инсонро ба беҳолӣ, чарх задани сар ва ҳатто таъсири куллан баръакси қаҳва - хоболудӣ оварда расонад.