ДУШАНБЕ, 20 июн – Sputnik. Суди ноҳияи Шоҳмансур як ҳуқуқшиноси 33 - соларо ба ҷурми даъвати пинҳонӣ ба экстремизм ба 5 солу 6 моҳ равонаи зиндон кард
Бино ба ҳукме, ки 14 июни соли 2021 дар толори суд қироат шуд, Абдулмаҷид Ризоев, раиси созмони ҷамъиятии “Дурахшон гуруҳ”, аз рӯи моддаи 307, шарҳи 1, қисми 2 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм” гунаҳкор дониста шудааст.
Ин қисми моддаи мазкури Кодекси ҷиноӣ даъвати оммавиро “бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи интернет” дар назар дошта, ҷазои маҳрумият аз озодиро ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол пешбинӣ кардааст.
Баҳс бо ширкати сохтмонӣ
Парвандаи ҷиноиро Прокуратураи генералии Тоҷикистон оғоз намуда, Абдулмаҷид Ризоевро суд барои ҷой кардани матолибе, ки даъвати пинҳонӣ ба экстремизмро доранд, муттаҳам донистааст.
Дар мурофиаи судӣ онҳоеро ҳам даъват ва бозпурсӣ кардаанд, ки барои ин матолиб “лайк” монда, шарҳ ҳам навиштаанд.
Бахтиёр Насруллоев, вакили дифоъи Абдулмаҷид Ризоев, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, худ таъбири “даъвати пинҳонӣ ба экстремизм” ҷои суол дорад, зеро дар Кодекси ҷиноӣ возеҳу равшан аз “даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм” гуфта шудааст, на даъвати пинҳон.
“Худи Абдулмаҷид Ризоев дар мурофиаи судӣ иброз дошт, ки ӯ барои фаъолияти ҳуқуқшиносияш таҳти пайгарди ҷиноӣ қарор гирифтааст. Вай гуфт, моҳҳои қабл аз боздошт ӯ аз манофеъи сокинони кӯчаи Бухоро, 49 – и шаҳри Душанбе, ки манзилашон барои сохтмони нав тахриб мешуд, ҳимоят мекард. Ширкати “Пӯлодӣ плаза” – соҳиби ин сохтмон аз ҳуқуқшинос ба Прокуратураи генералӣ шикоят мебарад. Ризоев дар суд гуфт, ки кормандони ширкат ду рӯз қабл аз боздошт бо ӯ вохӯрда, таҳдид кардаанд, ки ӯро зиндонӣ хоҳанд кард”, - гуфт Бахтиёр Насруллоев.
Вакили дифоъ мегӯяд, шикояти мудири ширкати “Пӯлодӣ плаза” аз Абдулмаҷид Ризоев ба Прокуратураи генералӣ як рӯз қабл аз оғози парвандаи ҷиноӣ расидааст.
“Мо ба суд маълум кардем, ки Ризоев барои кӯмаки ҳуқуқиаш ба сокинони сохтмони нав мавриди таъқиб қарор дорад ва ба ин маврид бояд баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Ба ин далел, мо аз суд хостем, ки парвандаро қатъ ва Ризоевро сафед кунад, зеро тибқи қавонини байнулмилалӣ ва миллӣ, дар ин маврид ҳуқуқи ҳуқуқшинос поймол шудааст ва ба кори ӯ дахолат сурат гирифтааст”, - гуфт Бахтиёр Насруллоев.
Шеъри Ҷомӣ
Дар ҳамин ҳол, ба қавли вакили дифоъ, парванда на дар асоси фаъолиятҳои ҳуқуқшиносӣ ва шикояти ширкати “Пӯлодӣ Плаза”, балки бар пояи матолибе бандубаст шудааст, ки Абдулмаҷид Ризоев дар сафҳаи фейсбукиаш гузоштааст.
Яке аз чунин матолиб бознашри шеъре аз классики адабиёти тоҷику форс Абдураҳмони Ҷомӣ ба унвони “Падаре бо писаре гуфт” мебошад. Ин қиссаи як писар аст, ки "падараш ба ӯ мегӯяд, ҳеҷ гоҳ одам намешавӣ, аммо ӯ ҳокими шаҳр шуд ва падарашро эҳзор карду гуфт, гуфта будӣ, одам намешавам, ҳоло ҳоким шудаам. Падараш мегӯяд, ман ҳам нагуфта будам, ки ҳоким нашавӣ, балки гуфта будам, одам нашавӣ".
“Ин як шеъри фалсафӣ дар қатори садҳо шеър аз ин зумра дар адабиёти тоҷик аст, ҳатто аз сӯи шоирону ҳунармандон деклама шудааст, аммо коршиносон гуфтаанд, ки он вобаста ба макону замон бемавқеъ ва пардапӯшона истифода шуда, зери коса нимкоса ва дар зимн бадбинӣ дорад. Ҳатто гуфтаанд, ин тарғибот дар оянда низоъ ба вуҷуд меорад, дар ҳоле ки дар интернет аз ин бадтар матлабҳо дида мешаванд”, - гуфт Бахтиёр Насруллоев.
Як навиштаи дигари Ризоев дар сафҳаи фейсбукиаш ба интихоботи парлумонии 2020 рабт мегирад. Ӯ мегӯяд, таҳқиқ гузаронда, маълум кардааст, ки 25% - и раъйдиҳандагон дар он ширкат кардаанд ва 75% на. Аз қавли як рафиқаш ҳам гуфтааст, ки “интихобот як харҷи зиёдатист”.
Инро коршиносон “иғвоангезӣ” ва “таблиғи ғояҳои экстремистӣ” унвон кардаанд.
Вакили дифоъ мегӯяд, Қонуни асосии Тоҷикистон озодии суханро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи рушди ҳаматарафаи шахсият барои ҳар шаҳрванди кишвар кафолат додааст, аз ин хотир, фишор, боздошт ва зиндонӣ кардани инсон барои фикри шахсӣ хилофи қонунҳои кишвар аст.
"Ризоев аз ҳаққи конститутсионии худ истифода кардааст ва ҳеҷ як навиштаи ӯ ба экстремизм рабте надоранд, аз ин хотир, суд бояд ӯро сафед ва озод мекард, ки накард. Аз ин хотир, мо тасмим гирифтем, ки аз рӯи ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур ба суди шаҳри Душанбе шикоят барем”, - гуфт Бахтиёр Насруллоев.
Дар ҳамин ҳол, ин дуюмин мавриди зиндонӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон бо айни ҳамин иттиҳом дар як моҳи ахир аст.
Қаблан суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як ҷавони 23 – соларо ба 5 солу 6 моҳ равонаи зиндони низомаш пурзӯр карда буд.