Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба як муборизи 10-сола мастер-класс нишон дод

Амир Бойғозин, кӯдаки даҳсола аз Қазоқистон - муборизи имконияташ маҳдуд мебошад. Як сол мешавад, ки ӯ куштингирӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июн – Sputnik. Паҳлавони маъруфи ММА Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо Амир Бойғозини даҳсолаи қазоқ мулоқот кард.
Амир видеои мулоқотро дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ паҳн кардааст.
Содиқ Бойимбетов, роҳбари клуби Zhas Zhaynnger, ба Sputnik Қазоқистон гуфт, ки мулоқоти муборизи машҳур ва қазоқистонӣ, рӯзи ҷумъа дар Алмаато баргузор шуд.
"Амир бо Ҳабиб мулоқот кард, онҳо сӯҳбат карданд. Як мастер-класси хурди муштарак баргузор карданд - Ҳабиб панҷаҳояшро дошта, ба Амир комёбӣ кор таманно кард ва гуфт, рақиби ояндааш рӯзҳои сахт хоҳад дошт. Дар оянда Ҳабиб ҳатман зимни боздид аз Нур-Султон, бо Амир вомӯхурад", - гуфт мусоҳиб.
Ҳабиб ба Головкин маслиҳат дод, ки блогерҳоро кӯбад ва пул кор кунад
Ба гуфти роҳбари клуб, писар як сол аст, ки бо гӯштингирӣ машғул аст ва натиҷаҳои хуб нишон медиҳад.

"Мувозинатиӯ беҳтар шуд, мушакҳояш сахт шуд, суръаташ афзуд. Амир акнун боэътимодтар роҳ мегардад ва ҳаракат мекунад", - афзуд Бойимбетов.

Дар ин клуб, ки нахустин тамрингоҳ барои одамони имконияташон маҳдуд дар Қазоқистон аст, 60 кӯдак машқ мекунанд.