Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Афзоиши якбораи гирифторони COVID дар пойтахти Қазоқистон

Аз рӯи шумораи сироятёфтаҳои нав, пойтахти Қазоқистон аз Алмаато ва вилояти Караганда ҳам пеш гузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июн - Sputnik. Дар давоми рӯзи гузашта дар Қазоқистон 1119 ҳолати нави гирифторӣ ба вируси корона сабт шуд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Аз ин теъдод, шумораи бештарини беморон ба пойтахти кишвар шаҳри Нур-Султон рост меояд. Дар ин шаҳр дар давоми 24 соати гузашта 342 ҳолати нави сироятёбӣ сабт шудааст.
Ҳамин тавр дар ҷои дуюм шаҳри Алмаато бо 121 бемор ва шаҳри Шимкент бо 42 ҳолати нав, дар ҷойи сеюм қарор гирифт.
Манъи баргузории арӯсӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ дар Ӯш
Ёдрас мешавем, ки Қазоқистон ва Қирғизистон ду кишваре дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад, ки ҳамоно аз афзоиши теъдоди гирифторони вируси корона хабар медиҳад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон COVID-19 ҳаст ё не: посухи сухангӯи Вазорати тандурустӣ
Вазорати тандурустии Тоҷикистон куллан вуҷуди вируси коронаро дар кишвар рад мекунад. Ин ниҳод овозаҳо дар бораи бемор шудани чандин одамро бепоя хонд.
"Аксарияти онҳо касоне ҳастанд, ки соли гузашта, ҳангоми хурӯҷи каронавирус бемориро аз сар гузаронидаанд ва шуши онҳо пурра барқарор нашудааст. Барои пурра барқарор шудани шуш онҳо бояд зери назорати духтурон қарор гирифта, тавсияҳои онҳоро пурра риоя намоянд ва аз нӯшидани нӯшобаҳои сард ва истеъмоли яхмос даст кашанд", — таъкид кард сухангӯи Вазорати тандурустӣ Эмомалӣ Мирзоев.