Чӣ гуна боғбони бегуноҳ, зери барқ худро "қотил" хонд? Эълони ҷазои се милиса

Додгоҳи олиии Тоҷикистон ҳукми се корманди собиқи милисаро барои шиканҷаи Ҳасан Ёдгоров, ки бидуни гуноҳ кушторро ба гардан гирифтааст, дар маҷмуъ ба 35 соли зиндон маҳкум кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 июн - Sputnik. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳафтаи равон се корманди собиқи милиса – Шералӣ Азизов, Саъдӣ Давлатмуродзода ва Эраҷ Наимовро аз 10 то 13 - солӣ равонаи зиндон кард.
Тибқи иттилои Эътилофи зидди шиканҷа, маҳкумшудагон дар истифодаи шиканҷа нисбати Ҳасан Ёдгоров, сокини 35-солаи шаҳри Турсунзода гунаҳкор дониста шудаанд. Ёдгоров қаблан гуфта буд, ӯро бо истифодаи барқ шиканҷа карданду водор намуданд, то куштори Дмитрий Каримов, пешхизмати яке аз тарабхонаҳои шаҳри Турсунзодаро ба гардан гирад.
Додгоҳи олӣ дар пайи баррасии қазия Шералӣ Азизов, собиқ ваколатдори калони оперативии шуъбачаи милитсия дар ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳри Турсунзодаро ба 13 соли зиндон, Саъдӣ Давлатмуродзода, собиқ ваколатдори калони оперативии шуъбаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар Турсунзода ба 12 соли зиндон ва Эраҷ Наимов, собиқ ваколатдори калони парвандаҳои махсусан муҳими Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД – ро ба 10 соли зиндон маҳкум кард.
Прокурори генералӣ лату кӯб шудани Одинаевро беасос хонд: “иғво аст”
Кормандони мазкури милиса дар истифодаи шиканҷа, сохтакории хизматию баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ гунаҳкор дониста шудаанд. Феълан назари онҳо ва ҷониби ҳимояашон дар мавриди ҳукми додгоҳ маълум нест.
Ҳасан Ёдгоров тирамоҳои соли 2017 бо иттиҳоми қатли пешхизмат, Дмитрий Каримов, дар шаҳри Турсунзода, боздошт шуда буд ва ба гуфтааш, он замон зери шиканҷаи кормандони милиса маҷбур шуд, ки ҷиноятро ба гардан бигирад. Ёдгоров ҳудуди 8 моҳ дар ҳабси пешакӣ қарор дошт ва танҳо баъди тасодуфан ошкор шудани қотили асосӣ, ӯ аз боздошт раҳо шуд.
Дар пайи муайян шудани асли қазия, додгоҳ Леонид Малченковро дар қатл ва ғорати Дмитрий Каримов гунаҳкор дониста, ба 21 соли зиндон маҳкум кард.