ДУШАНБЕ, 19 июн - Sputnik. Пешниҳоди вакилон Рустам Латифзода, Рустам Шоҳмурод ва Ҷамшед Муртазозода барои роҳандозии муҷозоти афроди бераҳм дар нисбати ҳайвонҳо қабул гардида, тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ ворид шуданд.
Баҳриддин Зиёӣ, вакили парлумон зимни муаррифии тарҳ гуфт, барои муносибати бераҳмона нисбат ба ҳайвонот ва парандаҳо, аз ҷумла, ҳайвоноти бесоҳиб, яъне мавриди шиканҷа, латукӯб, азобу уқубат қарор додан ё содир намудани ҳаракатҳои дигари зӯроварӣ, ки боис ба маъюбӣ ё ҳалокати онҳо нагардидааст, ҷарима аз се то панҷ нишондиҳанда ё аз 180 то 300 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Як нишондиҳанда дар Тоҷикистон баробари 60 сомонӣ мебошад.
Тибқи қисми 2 моддаи 277 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои бераҳмӣ нисбат ба ҳайвонот ва парандаҳо бо мақсади ғаразнок, ба таври оммавӣ ё бо истифодаи интернет, ки боиси маъюбӣ ё ҳалокати онҳо гардидааст ва ё дар ҳузури шахсони баръало хурдсол содир шуда бошад, ҷарима ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда ё худ аз 300 то 600 сомонӣ таъин мешавад.
То ҳол дар Тоҷикистон барои муносибати бераҳмона нисбат ба ҳайвонот, танҳо дар ҳолатҳое ҷавобгарӣ татбиқ мешуд, ки боиси ҳалокат ё маъюб шудани онҳо мегардид.
Зиёӣ мегӯяд, дар амалия ҳолатҳое буданд, ки муносибатҳои бераҳмона нисбати ҳайвонот, ки боиси маъюбию марг намешуданд, беҷазо мемонданд.
Маҷлиси намояндагон бо қабули тағйирот дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷавобгарӣ барои бераҳмӣ нисбати ҳайвоноту парандаҳоро бештар кард.
Дар ҳамин ҳол вакилон ҳолатҳоеро мисол оварданд, ки баъзан барои халалдор накардани кори ин ё он бахш, аз ҷумла бахшҳои энергетикаю фурудгоҳҳо ба тарс додани паррандаҳо даст зада мешавад.
Рустами Шоҳмурод, яке аз ташаббускорони тағйирот тавзеҳ дод, ки бар асоси ин тарҳ ҷазо барои кирдори ғаразнок ва аз ҳиссиёти авбошӣ содиршуда пешбинӣ гардидааст. Дар пайи муаррифӣ тағйироти мазкур қабул гардид.