Бозхонии суруди “Азум живҷ та” аз ҷониби гуруҳи овозхонҳои ҷавони хориҷӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мухлисони зиёд пайдо кардааст
Овозхонҳо Раҳмон, Бодҷа ва Алсу суруди “Азум живҷ та” – и гуруҳи Шамсро бозхонӣ кардаанд. Кавереро, ки ин се овозхони ҷавон анҷом додаанд, дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ хуш истиқбол шудааст.
Дар ин суруд пораҳо аз шеъри шоири зиндаёд, Сардор Раҳдор истифода шуда, инчунин иловаҳое низ ҷой доранд. Суруд бо забонҳои тоҷикӣ ва помирӣ иҷро гардида, дар шабакаҳои гуногун бознашр шудааст.
“Шамс” аз гуруҳҳои шинохтаи ҳунарии Тоҷикистон мебошад, ки бештар оҳангҳои мардумию муосирро омезиш медиҳад.