Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Манъи баргузории арӯсӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ дар Ӯш

Қарори манъи баргузории чорабиниҳои оммавӣ пас аз ду ҳафта эътибор пайдо мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Дар Ӯш аз 1 июл тӯйҳо, ҷашнҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ манъ карда мешаванд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти маъмурияти шаҳр.
Шаҳрдорӣ ба мудирон ва маъмурони тарабхонаҳо тавсия додааст, ки барои баргузории чорабиниҳои оммавӣ фармоиш нагиранд.
Сабаб афзоиши бемории COVID-19 мебошад, ки ахиран шаҳри Ӯшро аз рӯи шумораи гирифторони вируси корона ба минтақаи "сурх" ворид кард.
Маҳдудиятҳо дар шаҳри Бишкек: авҷи сироят ба коронавирус дар Қирғизистон
Ҳар рӯз Ӯш дар омори сироятёбӣ ҷойҳои дуюм ё сеюмро мегирад.
Дар давоми рӯзи гузашта дар ин ҷо 73 ҳолати нави сироятшавӣ ба қайд гирифта шуд.
Сафар накунед: ҳушдори ситод аз вазъи мураккаби эпидемиологӣ дар Бишкек ва Ӯш
Ёдовар мешавем, ки пештар ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус аз шаҳрвандони Қирғизистон даъват кард, то ба шаҳрҳои Бишкек, Ӯш ва вилоятҳои Чӯйю Ӯш сафар накунанд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Қирғизистон тирамоҳ навъи вазнини COVID пайдо мешавад - шарҳи вазир
Ҳамчунин, Вазорати тандурустии ин кишвар аз мавҷи сеюми вируси корона хабар доду гуфт, эҳтимол аст тирамоҳ дар Қирғизистон вируси шадидтаре пайдо шавад.