Украина ва Тоҷикистон корхонаи муштарак месозанд

Намояндагони ширкати "Днепроэнергостал" - и Украина аз як қатор корхонаҳои коркарди пахта ва корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” боздид мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Украина ва Тоҷикистон корхонаи муштарак хоҳанд сохт, хабар медиҳад котиботи ҳукумати вилояти Суғд.
Гуфта мешавад, ки раиси вилояти Суғд бо намояндагони ширкати "Днепроэнергостал"-и Украина, ки бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо омадаанд, дидору мулоқот кардааст.
Раҷаббой Аҳмадзода ва Вадим Осипенко, директори ширкати "Днепроэнергостал" зимни суҳбат аз густариши ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намудаанд ва омодагии худро баҳри таҳкими робитаҳо баён доштаанд.
Украина нахустин бор дар Тоҷикистон намоишгоҳи таҳсилотӣ баргузор кард
Иттилоъ дода мешавад, ки ширкати "Днепроэнергостал" бо корхонаи воҳиди давлатии "Садаф" ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ созишномаи ҳамкорӣ дорад.
Дар ҳамин замина, намояндагони ширкат зимни сафари худ ба вилоят бо роҳбарияти корхонаи "Садаф" масъалаи ташкили корхонаи муштаракро баррасӣ мекунанд.
Ҳамзамон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо роҳбарияти Донишкадаи политехникӣ дидору вохӯриҳо доир хоҳанд кард.
Дар баробари ин, намояндагони ширкати "Днепроэнергостал" аз як қатор корхонаҳои коркари пахта ва корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” боздид карда, бо вазъи соҳаи саноати вилоят ва имкониятҳои мавҷуда баҳри ривоҷи ҳамкориҳо ошно мешаванд.