Туркия таъмини амнияти фурудгоҳи Кобулро ба ӯҳда гирифт

Амрикову Туркия ба тавофуқ расиданд, ки таъмини амнияти фурудгоҳи Кобулро Туркия ба ӯҳда мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Мушовири амнияти миллии Амрико Ҷейк Салливан гуфт, ки истиқрори артиши Туркия яке аз омилҳои аслии таъмини амнияти фурудгоҳи Кобул пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО ва Амрико хоҳад буд, иттилоъ додааст хабаргузории Bloomberg.
Ба иттилои манбаъ, оқои Саливан аз “ӯҳдадории қотеи” Туркия дар таъмини амнияти Фурудгоҳи байналмилалии Кобул дар шароити хуруҷи нирӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли ҷорӣ истиқбол кард.
Салливан гуфт, дар ҳошияи ҷаласаи НАТО дар Брюссел, руасои ҷумҳури Амрико ва Туркия - Ҷо Байден ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар бораи “сарнавишти фурудгоҳ” як сӯҳбати муфассале доштанд.
Нигаронии Путин аз вазъи Осиёи Марказӣ ба хотири хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон
Саливан таъкид дошт, ки дар ҳоли ҳозир тимҳои кории ҳарду ҷониб ҷузъиёти корро дар ин самт баррасӣ мекунанд.
Ҳамзамон вай таъкид доштааст, ки Байден ва Эрдуғон ба тавофуқ расиданд, ки бар сари ин масъала дар якҷоягӣ кор хоҳанд кард.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш вазири дифои Туркия эълом карда буд, ки кишвараш омодааст таъмини амнияти фурудгоҳи Кобулро бар уҳда гирад.
Дар ҳамин ҳол, ҷунбиши Толибон (гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Русия) аллакай бар ибтикори Туркия мухолифат карданд. Онҳо эълон карданд, ки Туркия, ки узви НАТО мебошад бояд хоки Афғонистонро тарк кунад.
“Муҷоҳид”: Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ раҳбари вазорати корҳои дохилии Афғонистон шуд
Бояд қайд кард, ки нирӯҳои амрикоӣ то 11 сентябри соли 2021 аз хоки Афғонистон берун шаванд.
Бист сол пеш ҷангиёни Ал–Қоида дар ИМА ҳамлаҳои пурқурбонии террористӣ анҷом додаанд ва баъди ин амрикоиҳову нирӯҳои эътилофӣ вориди Афғонистон шуда, ҳукумати Толибонро суқут доданд.
Нигаронии асосӣ дар он аст, ки баъд аз берун овардани нерӯҳои НАТО ва ИМА аз Афғонистон Толибон метавонанд ҳукуматро дубора ба дасти худ гирад ва ҳукумати рӯ ба ғарби Кобул ва ҳам нирӯҳои амниятии ин кишварро аз байн бубаранд.