ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Мутахассиси ӯзбек Усмон Тошев дар робита бо истеъфояш аз вазифаи сармураббии тими мунтахаби ҷумҳурӣ ба Федератсияи футболи Тоҷикистон муроҷиат кардаст.
Тошев дар бораи хуруҷ аз вазифаи мураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ибрози назар кард.
Вай ба роҳбарияти ФФТ барои дастгирӣ дар тӯли се соли ба ҳайси сармураббии тими миллии Тоҷикистон фаъолият карданаш, изҳори сипос кард.
Тошев таъкид кард, ки фаъолияти мураббигии худро дар ҷумҳурӣ то абад дар ёд хоҳад дошт.
"Ман Тоҷикистонро, ки хонаи дуввуми ман шудааст, бо гармӣ ва муҳаббат ба ёд меорам. Мехоҳам ба ҳамаи футболбозоне, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштам, ба тамоми кормандони тими миллӣ, ки ба ман кумак карданд, ташаккур гӯям. Ташаккур ба ҳамаи мухлисоне, ки дастгирӣ карданд моро. Бо итминон гуфта метавонам, ки мо дар тими миллӣ як оилаи хубро ба вуҷуд овардем", - гуфт Тошев.
Вай инчунин изҳори итминон кард, ки мунтахаби Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё - 2023 мегардад.
Дар навбати худ, ФФТ ба Тошев барои кори пурсамари анҷомдодааш ташаккур гуфт ва ба ӯ дар фаъолияти мураббигӣ муваффақият орзу кард.